Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 21-уми августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо таҳдид мекунад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад ва хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткор бошанд.
Барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ селроҳаҳо, ҷӯйборҳо, каналҳоро аз хасу хасрӯбаҳо пок намоянд. Кумита хоҳиш мекунад аз рӯи эҳтиёт дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, алафдарав, моҳидорӣ ба соҳили рӯдхонаҳо, чорвочаронӣ дар саҳроҳо худдорӣ намоянд.
Ба кӯҳнавардон, гардишгарон ва ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми сафар дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, бахусус ронандагон ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Кумита ҳамчунин ёдовар мешавад, ки дар сурати рух додани ин ё он ҳодисаи фавқулода сокинон метавонанд бо телефонҳои “112” ва ё 93 880 28, 223 13 11, ки шабонарӯз фаъоланд,муроҷиат намоянд.