Ахбори рӯз

Машқҳои фармондеҳӣ- ситодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо мақсади ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2021, 29-30 июни соли 2021 дар ҳудуди вилояти Суғд, аз ҷумла дар ноҳияи Ашт ва  шаҳри Конибодом...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳимму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва комёбиву иқболи нек орзу менамоям.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар рияои қоидаҳои беҳдоштӣ дар Турсунзода

Дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 июни соли равон автомашинаи махсуси намоишии таблиғотиву ташфиқотӣ бо намояндагони Шуъбаи кор бо ҷомеъаи Кумита ба шаҳри Турсунзода сафарбар гардиданд.

Чорабиниҳои таблиғотиву ташфиқотӣ бо тариқи намоиши

Таҷлили Ваҳдати миллӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 24-солагии Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд. Вохӯриро муовини сардори Раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода ифтитоҳ кард ва ҳозиринро бо ин иди бузургу таърихӣ табрику муборакбод намуда, дар бораи ин ҷашн ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими суботу амният дар кишвар сухан ронд.

Се дари баста дар хиёбони Рӯдакии пойтахт. Дар яке тифле дар хона монда буд, ки 3 сол дошт

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 24-уми июни соли равон се маротиба ба даъвати сокинони пойтахт аз коргоҳ берун шуданд ва се дари бастаро боз намуданд.

Яке аз ин дарҳо дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ...

Страницы