Сӯхтор дар як мошини бензинкаш як нафарро ҳалок ва ду нафарро шадидан ҷароҳатдор кард

Як корманди нуқтаи сӯзишворӣ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бар асари сӯхтори шадид дар як бензинкаш ба ҳалокат расидааст. Бино ба гузориши сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ин ҳодиса дирӯз, 15-уми август тахминан соати 22:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст.

Дар гузориш омадааст, ки як мошини тамғаи КАМАЗ, ки мутааллиқ ба ҶДММ “Соро ойл” будаву бензин мекашид, дар назди ошхонаи “Давлатовҳо” воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сабабҳои номаълум оташ гирифт.

Оташ ба ошхона расидаву биноро пурра ба коми худ кашидааст.

Дар ин сӯхтор як корманди нуқтаи таъмини сӯзишворӣ ба ҳалокат расида, ду шаҳрванди дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд. 

Шахси фавтида сокини кӯчаи Заҳматободи шаҳри Душанбе буда, 28 сол доштааст.

Ҷароҳатбардоштагон яке сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Харангони ноҳияи Варзоб ва дуюми сокини деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор буда, 45 сол доштааст.

Аввали 92% аъзои баданаш дар ин сӯхтор сӯхтаву дуюмӣ бо 44 дарсад сӯхтаи баданаш бистарӣ шуда.

Ҳоли якеро духтурон вазнин арзёбӣ кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд. 

барчасп: