Саду ёздаҳ сол қабл аз ин субҳи 6 феврали соли 1911 дар кӯҳистони Бадахшон замин сахт ларзид, ончунон ҷунбид, ки амвоҷи ларзиши онро таҷҳизоти маркази зилзиласанҷии Пуликови шаҳри Петербург дар масофаи 3860 километр эҳсос ва зикр кард. Пас аз ду ҳафта 18-уми ҳамон моҳ соати 23,17 дақиқаю 55 сония такони аз аввала шадидтар рух дод. Дар тангнои деҳаи Усойи дараи Бартанг, кӯҳи бузурге аз ғаллаёну ҳарорату фишори шадиди зеризаминӣ боло хеста мисли дарахти тӯфонкандаю бурида чаппагардон шуд ва рӯи дарраро пӯшонд. Чангу ғубори ба ҳаво хеста чаҳор шабонарӯз фазои дарраро тираву хира намуд.
Субҳидами рӯзи сеюм мардуми деҳоти болообу поёноб, ки хонаҳои онҳо низ харобу валангор шуда буданд, аз аҳволи худ даргузашта ба хабаргирии аҳволи мардуми деҳаи Усой, ки садои даҳшатноки таркидану ғалтидани кӯҳ ва чангу ғубор аз онҷо хеста буд, раҳсипор шуданд. Аммо оби рӯдхонаи Мурғоб хушк шуда ва роҳи дарраро садди бузурги кӯҳтӯдаи ғалтида гирифта буд.
Деҳаи зебои Усой бо пиру барнои хеш, бо дарахтону боғоташ, зери кӯҳи гарон ба хоби абадӣ рафта буд... Тибқи як ҳисоб дар ин ҳодисаи даҳшатноку фоҷиабор дар Бадахшон 835 тан ҳалок шуда буданд.
Сарез — кӯлест дар кӯҳсори Рӯшони Помир, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.
Аз 17 августи соли 1994 Раёсати истифодабарии системаи «Усой» ба ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори мустақили ғайриҳарбӣ дохил карда шуда, соли 1998 ба сохтори ҳарбӣ мубадал гардид.
Натиҷаҳои таҳқиқотҳои зиёда аз 20 сол (аз соли 1967 то соли 1990), ки дар маҳали кўли Сарез гузаронида шуда буданд - танҳо омўзиши омилҳои гуногун, ҳар гуна пешниҳодоти муаллифон, нуқтаи назари онҳо ва пешниҳодҳои гуногун буд.
Бо мақсади сари вақт огоҳ намудани аҳолии минтақаҳое, ки зери об мемонанд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария (SECO), ИМА (ЮСАИД), Хазинаи Оғохон оид ба муҳити зист ва Ҳукумати Ҷопон дар сарбанди Усой системаи муосири мониторинг ва огоҳкунандаи пешакӣ насб намудааст. Системаи мазкур барои муҳофизати сокинони маҳалҳои аҳолинишини воқеъ дар масири дарёҳои Бартанг ва Панҷ то ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки ҳангоми рахна шудани банди кўли Сарез метавонанд зери об бимонанд, ихтисос ёфтааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ ширкати TRE ALMIRA таҳлили моҳвораии деформатсияи таърихии заминро дар болои кӯли Сарез анҷом дод. Тадқиқоти мазкур ба се қисм – тадқиқоти пеш аз заминларза (соли 2015), омӯзиши кайҳонӣ ва тадқиқоти пас аз заминларза, ки давраи аз 18 октябри соли 2014 то 25 феврали соли 2020-ро дар бар мегирад, тақсим шудааст.
Дар натиҷа, моҳи сентябри соли 2021 барои мониторинги ҳамарӯза дар кӯли Сарез системаи муосири мониторинг ва огоҳии пешакӣ харидорӣ, насб ва ба истифода дода шуд.
Системаи назоратии дар кӯл насбшуда аз шитобсанҷҳои (анг. Accelerometer-акселерометр. Ҳисгаре, ки шитоби механикиро ба сигнали электрикии мутаносиб ба он табдил мекунад) ҷунбиши сахт, стансияҳои гидрометрӣ, стансияҳои метеорологии худкор, ки дар нишебиҳои соҳили рост ва чап насб шудаанд, иборат аст. Таҷҳизоти мазкур дар бораи обу ҳаво, боришот (борон, барф), суръати шамол, сатхи оби кӯл, басомад ва шиддати зилзила, микдори даромаду хуруҷи обро муайян намуда, ба воситаи моҳвора бевосита ба нуқтаи идории шаҳри Душанбе ройгон интиқол дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки системаи нави огоҳкунӣ, ки аз 30 сирена иборат аст, дар минтақаҳои дорои хавфи баланд насб шудаанд, ки қад-қади водии дарёи Бартанг ва дар имтидоди марз бо Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ҳаммарз бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон мегузарад. Инчунин дар доираи лоиҳа як дрон (ҳавопаймои бесарнишин) барои назорати ҳамарӯзаи кӯл, телефонҳои моҳвораӣ, нуқтаҳои назоратӣ бо таъминоти барномаи Scada, планшетҳои сайёр барои ченкунии ҷараёни об, GPS барои мушоҳидаҳои дастӣ ва дастгоҳи ченкунии сатҳи об таъмин карда шуданд.
Кормандони Раёсати кӯли Сарез оид ба назорат, ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот, инчунин дар кори ҳаррӯзаи худ истифода бурдани воситаҳои навтарини техникӣ аз курсҳои омӯзишӣ гузаштанд.
Системаи мазкур – суръати шамол, самти шамол, миқдори боришот, умқи барф, ҳарорати ҳаво, намнокӣ, афканишоти офтоб ва фишори атмосфериро мушоҳида карда, ҳар як соат ин нишондодҳоро тавассути моҳвора ройгон интиқол медиҳад. Нишондодҳои суръати ҳаракати замин ҳар дақиқа сабт ва дар флэш-карта нигоҳ дошта мешаванд.
Дар сурати рахнашавии эҳтимолии сарбанди Усой, барои аҳолии деҳаҳои водии Бартанг, ки бо назардошти наздик будани мавқеи ҷойгиршавиашон эвакуатсия кардани онҳо ғайриимкон аст, дар наздикии ҷойи зисташон, «ҷазираҳои бехатар» бо молу амволи ниёзи аввалия ташкил карда шудаанд.
Системаи ҳозиразамони мониторингӣ ва хабардоркунии бармаҳали кӯли Сарез, албатта мавзеъҳои аҳолии эҳтимолан зери обмондаро дар вақти сар задани ҳолати фавқулода васеъ менамояд, ки ин барои устувор намудани иқтидори Тоҷикистон вобаста ба кам кардани хавфи офатҳои табиӣ ва вазъи иҷтимоию экологӣ мусоидат менамояд.