Чанд хабари рӯзи гузашта. Сел дар Савноб. Ду ғарқшуда дар Варзоб ва Сирдарё

11 августи соли 2022 соати  09:53 дақиқа ҳавои гарм боиси об шудани барфҳо дар кӯҳҳо шуд ва ин сабабгори он гардид, ки сатҳи об дар рӯди Бартанг дар қаламрави деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ гардад.

Тахминан соати 22:00 об аз соҳилҳои хориҷ шуд ва сели азим роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаро дар километри 156, ки аз деҳаи Савноб мегузарад, баст.

Барои бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳ ва техникаи махсуси фиристода шуданд. Корҳои тоза кардани роҳ идома дошта, дар айни замон роҳ муваққатан баста мебошад. Ин ҳодиса ягон талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Шабонарӯзи гузашта  ду ҳодисаи нохӯш дар махзанҳои оби кишвар ба қайд гирифта шуд.

Ҳодисаи аввал дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дод. Писарбачаи 4-солае, ки беназорати калонсолон монда буд, дар як ҳавзи дастсохти соҳили Варзоб ғарқ шуд. 

Барои ҷустуҷӯи ҷасад дастаи ғаввосони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе эъзом шуданд. Ҷасад ба зудӣ пайдо карда шуд ва онро барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дод. Як сокини 19-солаи ҷамоати деҳоти Овчии ноҳия ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи дарёи Сир ғарқ шудааст. 

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд фиристода шуданд. Баъди як соати ҷустуҷӯ ҷасади ҷавон пайдо ва ба кормандони милитсия супурда шуд.   

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро танҳо нагузоранд.

Шаҳрвандон бояд танҳо ҷоеро барои шиноварӣ интихоб кунанд, ки иҷозати оббозӣ дода шудааст. 

барчасп: