Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳои оҳании бастаи ду сокини шаҳри Душанберо боз карданд, ки дар яке аз ин хонаҳо ду ноболиғи 6-8-сола танҳо монда буданд. Ҳамчунин имдодгарони бахши КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Зарафшон дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар қаламрави шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ширкат карданд.
Як духтари 16-сола аз деҳаи Хӯҷапанҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекат рӯзи 9-уми августи соли равон баъди як муноқишаи оилавӣ аз хона берун шуда, дигар барнагаштаст. Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот сари вақт оғоз шуданд ва танҳо 11-уми август поён ёфтанд.
Ҷасади ин ноболиғ дар соҳили дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Хурмӣ пайдо ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Дар иртибот ба ин ҳодиса, ки назири он вақтҳои охир зиёд рух медиҳанд, Кумита аз волидон бо эҳтиром хоҳиш мекунад бо фарзандони худ бо муҳаббати падариву модарӣ ва ҳисси дилсӯзӣ ба ояндаи онҳо муносибат кунанд.
Талош кунед ба баҳсу муноқишаҳо ба хушиву хурсандӣ анҷом диҳед ва нагузоред, ки фарзандони шумо эҳсоси танҳоиву бекасӣ дар афкор кунанд ва роҳи наҷотро дар худкушӣ бинанд.
Бахшидани гуноҳи фарзандон қарзи волидон аст, чун дар наврасиву ҷавонӣ онҳо метавонанд гуноҳ содир кунанд ва ё амали ношоиста анҷом диҳанд. Сахтгириҳои беҳадду марз оқибатҳои фоҷеабор доранд.
ФАРЗАНДОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!