9-уми августи соли равон бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва ташкилотҳо дар ҳолатҳои фавқулодда тамрини мудофиаи гражданӣ баргузор шуд.
Ин тамрин дар мавзўъи: «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва эвакуатсия” гузаронида шуд.
Дар тамриноти ситодии мазкур 15 - муовинони зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ва 3 намояндаи Раёсати истифодабари роҳҳои ноҳиявӣ ва иншооти иқтисодии шаҳри Душанбе даъват шуда буданд.
Дар тамринҳо ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок намудаанд.
Роҳандозии ин гуна чорабиниҳо ба ҳалли саривақтии мушкилот дар ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ мусоидат хоҳад намуд.