Рӯзи 8-уми августи соли 2012 тибқи супориши Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарварии муовини раиси вилоят Н. Асламшоева ва аъзоёни гурӯҳ Афзалшоева М-сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, Насриддиншоев А. -устоди Донишгоҳи давалтии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, номзади илмҳои филологӣ ва И.Хоҷаназар - мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят дар толори Раёсати Кумита дар шаҳри Хоруғ бо ҳайати шахсии Раёсат оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи одоби хизматчии давлатӣ” сӯҳбат доир намуданд.
Аз тарафи гурӯҳии кории МИҲД-и вилоят оид ба имлои забони тоҷикӣ, дуруст навиштану дуруст суҳбат кардан, пешниҳоди дурусти ҳуҷҷатҳо мутобиқ ба меъёрҳои Қонуни забон, пӯшидани сару либос дар маҷлису маъракаҳо сӯҳбат доир карда шуд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки хизматчии давлатӣ бояд дар байни ҷомеа бо рафтору гуфтори хуб намунаи ибрати дигарон бошад.
Дар охири чорабинӣ байни ҳайати шахсӣ ва гурӯҳи корӣ дар доираи мавзуъҳои мавриди суҳбат қароргирифта табодули афкор сурат гирифт.
А. Файзуллозода.