Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 кормандони Раёсати Кумита дар ВМКБ дар ноҳияи Ишкошим омӯзишҳо гузарониданд.
Тамрини маҷмуъӣ дар се марҳила гузашт. Дар марҳилаи аввал ҳайати роҳбарикунандаи ноҳия дар идораи Ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Ишкошим ҷамъ омаданд. Ситод аз ҷониби ҷонишини аввали Раиси ноҳия И.Некқадамзода сарварӣ карда шуд ва ӯ бо роҳбари омӯзиш, ҷонишини сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ полковник А.Файзуллозода ширкаткунандагонро бо вазифаҳои омӯзиш ошно намуд.
Дар марҳилаи дуюми машқ ба роҳбарони зерсистемаҳои низоми ягона, комиссияи ноҳиявӣ ва роҳбарони иншооти хоҷагӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои дар рафти машқ гузошташуда дастуру супоришҳо дода шуд.
Марҳилаи сеюми машқҳо дар фурудгоҳ оғоз гардид, ки дар он макони баргузории чорабинӣ муайян карда шуд. Дар ин марҳила комиссияи эвакуатсионӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No40 фаъолият мекард, барои қабули аҳолии осебдида маркази муваққатӣ ташкил намуд.
Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ҳамроҳ бо имдодгарони ихтиёрӣ дар қаламрави фурӯдгоҳ бошгоҳи хайманишинонро ташкил намуданд ва дар он зарардидагон аз селро аз деҳаи Нидӣ интиқол медоданд.
Баъдан, тибқи сенарияи машқ, дар ҷараёни корҳои пешгирӣ дар деҳаи зикршуда аз ҷониби Бахши мелиоратсия ва обёрии ноҳия бо ҷалби як адад техникаи муҳандисӣ маҷрои дарё тоза карда шуда, бо ин васила хатари эҳтимолии болоравии сатҳи оби рӯдхона аз байн бурда шуд.
Дар поёни омӯзиш раиси ноҳия – сардори мудофиаи граждании ноҳия М.Мирзозода ва роҳбари омӯзиш ҷонишини сардори Раёсати Кумита дар ВМКБ полковник А.Файзуллозода машқҳоро ҷамъбаст намуда, ба фаъолтарин ширкаткунандагон ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.