Ахбори рӯз

Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Раёсати ВМКБ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолтаҳои фавқулодда барои соли 2025, ки тибқи қарори раиси ВМКБ аз 22 ноябри соли 2024, №356 бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда санаи 22 январи соли 2025 бо зернизомҳои ҳудуди Низоми ягонаи вилоят, ҷамъомади таълимӣ-методӣ гузаронида шуд.

Ҳушдор аз боришоти шадиди рӯзҳои 21-22-уми январи соли равон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ аз 21-ум то 22-уми январи соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишварборону барфи пуршиддат меборад. 

КҲФ: Хатари лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ бартараф нашудааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки зарфи чанд рӯзи оянда дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тарма ва резиши сангу рег боқӣ мемонад.

КҲФ: Хатари лағзиши тармаву сангрезӣ ва туман дар роҳҳои кӯҳӣ то 20-уми январ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки ба сабаби боришоти пуршиддат то 20-уми янгвари соли равон хатари лағзиши тарма, резизи санг дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.  

 Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти гармкунии барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дастгоҳҳои  барқии худсохт истифода набаранд. 

Кормандони Кумита дар ниҳолшинонӣ ширкат карданд

Аз моҳи январ то марти соли чорй дар кишвар ҳаракати ҷумҳриявиии ниҳолшинонӣэълон карда шуд. Дар ин давра дар шаҳру навоҳии кишвар талошҳо барои шинондани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шуруъ шуданд.

Страницы