27 октябри соли равон, дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон семенари омӯзишӣ доир гардид. Семенари мазкур дар доираи иҷрои нақшаи корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қоидаҳои рафтори дуруст ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита ва дар доираи ҳамкориҳо бо Ташкилоти Фонди Оғохон дар Тоҷикистон доир гардид.


