Ҳалокати ду нафар дар як садамаи мошин дар Ёвон. Яке ҳамагӣ 16 сол дошт
Чоп шуд: 07/01/2025 | redaktor
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз садамаи як мошин хабар дод, ки бар асари он ду нафар ҷон бохтанд.
Ин ҳодиса рӯзи 6 –уми январи соли 2025 соати 14:50 дақиқа рух додааст. Манбаъ хабар додааст, ки автомошинаи тамғаи Mercedes-Benz, ки аз ҷониби як сокини деҳаи Чучуии ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон идора мешуд, ба канали шохоби рости деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон сарозер шудааст.