Наҷотдиҳандагон ҷасади се кӯҳкани кони ангишти Фон-Яғнобро аз зери ғарами сангу рег берун оварданд
Чоп шуд: 18/01/2025 | redaktor
17 январи соли 2025, соати 14:00 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки ҳангоми кор дар дохили кони ангишти Фон-Яғноб, воқеъ дар ноҳияи Айнини вилояти Суғд, бар асари фурӯ рехтани сангу рег се нафар кӯҳканҳо зери харобаҳо мондаанд.
Барои анҷом додани корҳои фаврӣ ба ҷойи ҳодиса гурӯҳҳои наҷоти кӯҳии КҲФ дар вилояти Суғд сафарбар карда шуданд.