Заминларза дар ҷумҳурӣ

   Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 21 октябри соли 2025, соати 23:14 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

    Маркази заминларза 283 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 101 километр шарқ аз шаҳри Хоруғи ВМКБ, 56 километр ҷанубу-шарқӣ аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-балл дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ, 3-4 балл ва  дар шаҳри Душанбе бошад 2-3 баллро ташкил додааст.

     Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: