Ахбори рӯз

Заминларза дар ҳудуди кишвар

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,18 сентябри соли 2024 соати 12:43 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 296 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 28 километр шимолу шарқӣ аз шаҳри Хоруғ буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл, дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил додааст.

Заминларза дар қаламрави кишвар. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

17 сентябри соли 2024 соати 19:27 дақиқаи вақти маҳаллӣ бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 297 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 81-километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4-5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дод.

Бар асари заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

IX вохурии вазирон дар Душанбе

17 сентябри соли 2024 дар Душанбе ҷаласаи IX вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ оғоз мешавад, ки ба як майдони муҳими муколама ва таҳияи тавсияҳо оид ба рушди устувор байни намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои иштирокчӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ табдил меёбад.

Омӯзишҳо дар Раёсати Суғд

Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

Замимаи мобилии «SOS» ду гардишгари хориҷии раҳгумзада дар кӯҳҳои Помирро наҷот дод

Ду шаҳрванди хориҷӣ дар кӯҳҳои Помир гум шудаанд. Ба имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар давоми як рӯз бо истифода аз барномаи мобилии SOS онҳоро пайдо кунанд ва  ва наҷот диҳанд.

9 сентябри соли 2024 наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои

Страницы