Аз 5 то 7 ноябри соли 2025 ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ - Раиси Кумита, дар ҷаласаи вазирони ҳолатҳои фавқулода оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода, ки дар доираи ҳамкориҳои механизми “Як камарбанд — як роҳ” дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок менамояд.
Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур мулоқоти судманд байни Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои чинии ӯ Ван Сян Сӣ баргузор гардида, дар рафти он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи байниидоравии ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи муҳими таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода хоҳад шуд.


