Ахбори рӯз

Инфиҷори баллони гази моеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сабаби ҷароҳат бардоштани як ноболиғ шудааст

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз инфиҷори баллони гази моеъ хабар дод, ки боиси ҷароҳат бардоштани як нафар шудааст.

Ин ҳодиса 14-уми сентябри соли 2025,  соати 10:00  дақиқа дар ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷабор Расулов рух додааст.

Гуфта мешавад, ки дар хонаи истиқоматии шаҳрванд  Самадов Меҳроҷ, бо сабабҳои номаълум баллони гази моеъ таркидааст.

Садама дар лӯлаи об ду нафарро ҳалок кард

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз садама дар лӯлаи об дар пойтахт хабар дод, ки боиси марги ду корманди КВД обу корези пойтахт шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 13-уми сентябр соати тахминан 12:22 дақиқа рух додааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки бар асари садама

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои ғуборолуди рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз нимаи дуюми имрӯз, 13 сентябр то 16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ҳавои пур аз гарду ғубор дар назар дошта шудааст.

Наҷоти як гардишгари хориҷӣ дар кӯҳҳои душворгузари шаҳри Панҷакент

Бино ба гузориши Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент, як шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми саёҳат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворӯ, деҳаи Ворӯ, аз кӯҳ лағжида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Баъди дарёфти хабар, гурӯҳи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд дар водии Зарафшон, Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ ва Сардори шӯъба ва афсари калони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент ба самти ҷамоати деҳоти Ворӯ сафарбар шуданд.

Кумаки башардӯстона бо дастури Пешвои миллат ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон

Субҳи 8 сентябр бо дастури Асосгузораи сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларзаи шадид осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона равон карда шуд.

Ин ёриҳо, ки бо корвони пурбори мошинҳои боркашонӣ равона гардид, аз 24 номгӯйи маҳсулоту маводи зарурӣ, аз ҷумла орду

равған, шакар, биринҷ, рахти хоб, либосу пойафзол барои кӯдакон, наврасон ва калонсолон, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонии арматура, тахта, шифер, семент ва дигар молу маҳсулот иборат аст.

Страницы