Ахбори рӯз

Се заминларза дар як рӯз. Як тифли сесола ба ҳалокат расид. 29 хонаи истиқоматӣ зарар дид

Мувофиқи маълумоти  Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар  ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди  минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил додааст.

Сели рӯзи гузашта дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ

10 апрели соли 2025 боронҳои пуршиддат сабаби омадани селҳо ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шуд.

Ноҳияи Рӯдакӣ

Чунончӣ,  10-уми апрел соати 04:00 дақиқа бар асари борони пуршиддат  сел дар деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ 3 ҳавлӣ ва хоҷагии ёрирасони се сокини ин деҳаро аз обу лой пур кард.

Партоби 36 мушак ба абрҳои жолазо дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва Ҷалолуддини Балхӣ

10 апрели соли 2025 аз соати 13:00 то 13:45 дақиқа кормнадони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд мавзеъ бо партоби мушакҳои “Аллазан” абрҳои жолазоро пароканда карданд.

Чунончӣ, кормандони Хадамоти зидди жола бо партоби 36 мушаки зидди жола дар ҳашт минтақа абрҳои жолазоро парешон карданд 

Семинар-машварати омӯзишӣ дар Кумита

11 апрели соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ дар толори маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита генерал-майор Сулаймон Исозода бо иштироки ҳайати шахсӣ семинар-машварати омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинари мазкур, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Суман – сардори шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилоотии Сарраёсати қонунгузорӣ ва Назарзода Маҳина – сармутахасиси Раёсати бақайдгирӣ ва баҳисобгирии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок 

Мулоқоти Раиси КҲФ бо иҷрокунандаи вазифаи сардори UN FAO дар Тоҷикистон

10 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳайати Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) таҳти сарварии Иҷрокунандаи вазифаи Сардори Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (UN FAO) дар Тоҷикистон  ҷаноби Агаси Арутюнян баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Страницы