Барфтӯда. Сармои шадид ва тавсияҳо ба аҳолӣ

Барфтӯда

АРФТЎДАяк ҳодисаи табиӣ аст, ки ба резиши шадиди барф иртибот дорад, ҳолатест, ки боди сард бо суръати бештар аз 15 м/с мевазад ва барф тўлонитар аз 12 соат беист  мерезад. Бўрони барфӣ дар ин муддат роҳҳоро барои ҳаракати мошинҳо ва одамон мушкил мекунад, зиндагиро, бахусус барои деҳоти кўҳистон, душвор месозад. Баландии барф дар ин гуна ҳолатҳо ба беш аз 1 метр мерасад, дар минтақаҳои сард то ба 2 ва ҳатто, 3 метр низ баланд мешавад. Ин гуна ҳолатҳо бештар дар Сибири Русия зиёд мушоҳида шудаанд. Дар ин минтақаҳо баландии барф, ҳатто то ба 6 метр ҳам расидааст.

  Чунин бориши пуршиддату дурудароз сабабгори қатъи интиқоли неруи барқ мешавад, дарахтон аз бори гарони барф мешикананд ва агар ин ҳолат дар роҳҳо иттифоқ уфтад, мушкили роҳҳо дучанд меафзояд.

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ

Мо дар як замоне ҳаёт ба сар мебарем, ки аз резиши барфи шадид бехабар намемонем. Комёбиҳои техникӣ ин гуна имконро барои мо фароҳам овардаанд, ки ҳатто, як ҳафта пеш ҳавосанҷон аз боду борони оянда хабар медиҳанд ва хатарҳои сардиҳои ҳаворо ба мардум мерасонанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигар огоҳиҳои расмӣ ва ҳатто, маслиҳату машваратҳои лозимро низ ироа мекунанд. Мегўянд, ки дар ин гуна ҳолатҳо сокинон чи бояд кунанд. Яъне, аз барфи шадиду боронҳои селовар мо қаблан огоҳ карда мешавем. Муҳим он аст, ки маслиҳатҳоро ба хотири саломатӣ ва бехатарии худ иҷро кунем.

  • Агар дар маҳали шумо барфи шадид ва тундбод мевазад, пас аввалин коре, ки мекунед, ин аст, ки дару тирезаҳоро пўшед, ҳар гуна сўрохиҳои шамолдароро низ маҳкам кунед.
  • Барои ҳаддиақал ду шабонарўз аз қабл обро захира кунед, доруҳои заруриро ҳамеша дар дорухонаи шахсии худ дошта бошед.
  • Воситаҳои рўшноидиҳанда, аз қабили шамъу фонусҳоро омода созед, зеро агар неруи барқ хомўш шавад, шумо берўшноӣ намемонед.
  • Талош кунед барои радиои худ батареяи иловагӣ дошта бошед, чун агар барқ хомўш шуду телевизион аз кор монд, аз тариқи радио ахбори муҳимро дарёфт мекунед. Радио ва телевизиони худро фаъол нигоҳ доред, шумо ҳар лаҳза метавонед дар бораи вазъи баамаломада ахбори дақиқ пайдо кунед.
  • Аз айвону тирезаҳо ҳама ашёи заруриро барчинед, то боди шадид онро ба дуриҳо партоб накунад.
  • Ҳамеша омода бошед, ки эҳтимол қувваи барқ хомўш мешавад.
  • Қабл аз оғози барфи шадид аз биноҳои сустбунёд ба хонаҳои маҳкаму устувор ва пойдор кўчед. Агар шумо ин гуна имкон надоред, пас ҳатман қабл аз оғози сардиҳо хонаву дари худро бубинед, ҷойҳои шамолдаро ва ҳар гуна сўрохиҳое, ки сардиро ворид мекунанд, маҳкам кунед.
  • Барои тоза кардани барфи рехта асбобҳои заруриро аз қабл омода созед.

АГАР ЗАРУР ШУД, КИ АЗ ХОНА БАРОЕД...

• Танҳо дар ҳолатҳои заруриву истисноӣ аз хона берун шавед. Агар зарурат нест, хуб мешавад, ки дар хона бимонед. Аммо вақте баромадед, танҳо набароед.

• Ба аҳли хонавода ва ҳатто, ба хешону ҳамсоягон расонед, ки чаро аз хона мебароед, куҷо меравед ва кай бармегардед.

• Агар бо мошин рафтаниед, пас танҳо бо шоҳроҳҳо ҳаракат кунед. Ҳаргиз роҳҳои камбару тангро интихоб накунед.

• Сафар бо роҳҳои кўҳӣ дар ин гуна ҳолатҳо қатъиян манъ аст.

• Агар аз мошин берун шудед, мотори онро хомўш накунед, дур наравед.

• Маъмулан, дар ин гуна ҳолатҳо резиши барфи шадид бинишро заиф мекунад, эҳтимоли раҳгум задан бо мошин вуҷуд дорад. Агар раҳгум задед, пиёда ба аввалин хона ё ҳавлии сари роҳ дароед, пурсед, ки ин ҷо куҷост ва баъди маълумоти заруриро пайдо кардан, ба самти лозим ба ҳаракати худ идома диҳед.

• Агар мошинатон дар роҳ монд, ҳатман сигнал занед, мошинҳои дигарро ба ёрӣ даъват кунед.

• Аз иртиботу алоқа бо шахсони ношинос худдорӣ намоед, зеро маъмулан, дар ҳолатҳои фавқулода шумори дуздон ва дуздиҳову ғоратгариҳо ба маротиб меафзояд. Одамони фурсатталаб аз мусибати дигарон суистифода мекунанд.

БАЪДИ БЎРОНИ ШАДИД ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

Инак, замоне мерасад, ки резиши барф қатъ мешавад. Аммо шумо, ҳатто, намедонед, хатари он барои хонаи шумо чи миқдор аст. Агар шумо сокини деҳаед, пас яқинан дар ҳавлие зиндагонӣ доред, ки барф, аллакай, дари шуморо бастааст ва мустақилона наметавонед аз хона берун шавед.

Пас чӣ бояд кард?

  • Вазъи худро ба хадамоти наҷоти маҳали худ расонед. Умедворем шумо аз қабл шумораи телефонҳои ин гуна идораҳои муҳимро навиштаед. Ба онҳо суроғаи дақиқи худро расонед ва мунтазири расидани кумак бошед.
  • Ба воҳима дода нашавед, бояд бидонед, ки ҳар мушкил чанд роҳи ҳал дорад.
  • Радио, телевизион ва телефонҳои худро фаъол кунед ва ба тавсияву раҳнамоиҳои мақомоти ноҳияву минтақа гўш диҳед.
  • Ҳама чораҳоро бинед, то хонаи шумо гарм бошад, дар ин гуна рўзҳои вазнин ҳатман сарфакорона истифода кардан аз маводи сўхтро омўзед ва онро амалан иҷро кунед.
  • Ба фарзандонатон бештар диққат диҳед. Нагузоред, ки онҳо ба воҳима дода шаванд. Чунин вонамуд кунед, ки гўё коре нашудааст ва ин ҳолат зуд мегузарад. Дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Барф зудгузар аст ва шоиста нест, ки некбин набошед.
  • Кўдаконатонро беназорат нагузоред. Агар берун рафтаниед, пас бо ҳам равед. Аммо салоҳи кор он аст, ки то гузаштани хатар бачаҳо дар хона бимонанд.
  • Агар хонаи шумо дар минтақаҳои кўҳист, пас хавфи лағжиши тарма вуҷуд дорад. Ба қоидаҳои бехатарии ин гуна ҳолатҳо лутфан ба Боби тарма таваҷҷуҳ намоед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад:

АЗ САРМО ХУД ВА ФАРЗАНДОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Таҳияи Б.Шафеъ

барчасп: