Ахбори рӯз

Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Раёсати Суғд

3 январи соли 2025 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шуъба ва бахшҳои  он дар шаҳру ноҳияҳо дар  соли 2024 баргузор гардид.

        Дар ҷаласа роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар Раёсати Кумита дар ВМКБ

Тибқи нақшаи баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо, ки аз тарафи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, санаи 03 январи соли 2025 дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумита дар ВМКБ ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2024 баргузор гардид.

КҲФ: Дар Шуғнон тарма муваққатан роҳро баст. Хатар рафъ нашудааст, эҳтиёт кунед!!!

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ то 5-уми моҳи январ хатари тармаву ярч ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.

 3 январи соли 2025, соати 05:40 дақиқа дар километри 614-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, ки аз ҳудуди маинтақаи Ригувеси ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мегузарад, тарма роҳро муваққатан баст. 

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада техникаи хадамоти роҳи вазорати  нақлиёт дар ноҳияи Шуғнон ҷалб карда шуд. Кори рафъи паёмадҳои офат идома дорад.

Наҷоти марди 38-солае, ки дар ҳоли мастӣ мехост худкушӣ кунад

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали соли нави мелодӣ аз як қасди худкушӣ дар пойтахт пешгирӣ карданд.

1 январи соли 2025, соати 15:21 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе занг заданд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 130/4, як сокини ин бино қасди худкушӣ дорад ва мехоҳад худро аз ошёнаи 4-уми бино ба зер афканад.

Анҷоми як давраи омӯзишии забони англисӣ дар Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва Фармоиши Раиси Кумита аз 14 майи соли 2024, №118 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои зерин ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла:

Страницы