Дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт кӯпора сарозер шудааст. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест
Чоп шуд: 21/12/2024 | redaktor
Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун аз канда шудани кӯҳпора дар километри 76,600-и шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт хабар дод. Ин ҳодиса рӯзи 20 - декабри соли 2024, тақрибан соати 11:30 дақиқа иттифоқ уфтодааст.