Ахбори рӯз

Ҷустуҷӯи ғарқшудагон дар садамаи рӯзи 15-уми декабр дар Айнӣ идома дорад

Дар фоҷеаи рӯзи 15-уми декабри соли равон се нафар ғарқи дарёи Фон шуданд. Имдодгарон мошинро аз умқи дарё берун оварданд, ҷасаде дар он дида нашуд. Ҷустуҷӯ идома дорад.

Чор хабари рӯзи гузашта, чор фоҷеа дар ду рӯзи охир

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз заҳролуд шудани панҷ узви як оила дар деҳаи Р.Файзови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ хабар дод.

Ин панҷ нафар, ки аз 32 то 6 сол доштанд, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор доранд. Вазъи беморон муътадил арзёбӣ гардидааст.

Мақомоти сабаби ин ҳодисаро таҳқиқи мекунанд.

******    *****    *****

Ҷасади марди 67-сола, ки моҳи июни соли равон ғарқ шуда буд, пайдо шуд

12 декабри соли 2024 бо супориши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Миракзода Н., аз тарафи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят дар ҳайати панҷ нафар таҳти роҳбарии муовини командири ДМЗН майор Мирмамадов Д., такроран корҳои кофтукобии ҷасади шаҳрванд Барақбоев М.роҳандозӣ шуд.

Номбурда 67 сол дошта соҳиби 6 фарзанд буд ва дар деҳаи Ямчуни Ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим зиндагӣ дошта, дар шифохона кор мекард. 

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Мутобиқ ба  ҷадвали баргузории ҷаласаҳои навбатии Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини сардори Раёсат полковник Файзуллозода А., ва ҳайати гурӯҳ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар ҳузури муовини раиси ноҳияДиловар Қосимӣ бо иштироки аъзоёни Комиссия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд.

Семинари омӯзишӣ дар Раёсати Суғд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар доираи Барномаи “Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо” рӯзҳои 12-13-уми декабри соли 2024 дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо иштироки 20 (бист) нафар  афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат, сардорону афсарони шуъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент, Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Исфара семинари омӯзишӣ баргузор кард.

Страницы