Ахбори рӯз

Дарсҳои омӯзишӣ бо хидматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа дар Хатлон

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани курсҳо ва дарсҳои таълимӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, роҳандозии корҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии...

КҲФ: Зимистони бехатар ё чӣ бояд кард то аз нохӯшиҳо эмин бимонем?

Инак, моҳи декабр ҳам ба даҳаи сеюми худ наздик мешавад, ҳавои сарди зимистон ба истиқболамон меояд. Мо талош мекунем хонаҳоро гарм нигоҳ дорем, чун ҳавои сард маъмулан метавонад боиси касалиҳо шавад. Дар пеш Соли нави милодист ва табиист, ки дӯстдорони ҳар гуна тафреҳҳои солинавӣ ҳам зиёданд. Аммо ба ин нукта ҳам набояд бетаваҷҷуҳ буд: фасли зимистон бо сардиҳову...

4500 кило сими JICA ба Кумита ҷиҳати тақвияти соҳили рӯдхонаҳои воқеъ дар манотиқи хатарнок

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкории судманди байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолии зарардида Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми шарикони рушд ба таври доимӣ ҳамкорӣ мекунад. Ва яке аз корҳои муҳим дар пешгирии  офатҳои табиӣ анҷом додани корҳои соҳилбандӣ мебошад.

Ҳаводиси рӯзи гузашта. Сел дар Лаби Ҷар, резиши санг дар Айнӣ

Боришоти пуршиддат дар қаламрави кишвар сабаби офатҳои табиӣ шуд. Чунончӣ, 13 декабри соли равон тахминан соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ дар километри 39-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар, ки аз ҳудуди деҳаи Рубодноли ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор мегузарад, омадани сел ба қайд гирифта шуд.

Барои бартараф кардани ҳолати ба миёномада кормандон ва...

Ифтитоҳи бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ

13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Страницы