Ахбори рӯз

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ бо ширкати намояндагони нуҳ кишвари Осиё оғоз ба кор кард

7 декабри соли 2023 Ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ: Истифодаи маълумот, технология ва сиёсат барои таъмини ояндаи бехатар» ба кори худ оғоз кард, ки дар он Раиси Кумитаи ҳолтаҳои фавқулдда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода бо...

Як бунгоҳи тиббӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Бахлӣ соҳиби таҷҳизоти тиббии нав шуд

Лоиҳаи имзошуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд боис шуд, ки як бунгоҳи тибби дар ноҳияи Балхии вилояти Хатлон соҳитби таҷҳизоти нави тиббӣ шавад. 

6 декабри соли 2023 дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ ба бунгоҳи тиббии деҳаи Саноати ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон  таҷҳизоти тиббӣ интиқол дода шуд.   

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” эълон шуданд

Дар ҳошияи конфронси илмӣ дар мавзӯи «Фармони таърихӣ ва саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», бахшида ба 24-умин солгарди қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа», ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид.

Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Кумита

Имрӯз, 1-уми декабри соли 2023 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ташаббуси роҳбарияти Кумита ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.

Ин маҳсулот бо нархи хеле арзон аз нархи бозор ба кормандон фурӯхта шуд. Чун кулли маҳсулот

Роҳандозии омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар Данғара

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон тамринҳои маҷмуии мудофиаи гражданиро доир намуданд.

Машқҳо дар мавзӯи «Амали мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии давлатӣ дар рафъи оқибатҳои...

Страницы