Офатҳои табиӣ ба кишвар ба маблағи 19 миллиону 665 ҳазору 300 сомонӣ зарар расонд

Дар нимсоаи аввали соли 2025 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли 2024 310 ҳодиса камтар аст. Аз ин ҳисоб 9 ҳодиса ба иқтисоди шаҳру ноҳияҳои 19 миллиону 665 ҳазору 300 сомони зарари иқтисодӣ расонд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли гузашта зарари иқтисодии расида аз офатҳои табиӣ  130 миллиону 663 ҳазору 500 сомонӣ буд.

Дар ин бора рӯзи гузашта Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хабар дод. Раиси КҲФ, ки дар нишасти матбуотии ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи Кумита суханронӣ мекард, иброз дошт, ки дар ин шаш моҳ 78 ҳодисаи омадани сел сабт шудааст. Шумори боронҳои пуршиддат 18, тарма 51 адад буд. Дар ин давра 6 ҳодисаи болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ба қайд гирифта шудааст. 

Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иброз дошт, ки бар асари ҳодисаҳои фавқулода дар ин давра 6 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла бар асари лағзиши тарма 3 нафар, аз раъду барқ 2 нафар ва дар заминларза (ноҳияи Рашт) як нафар ҷон бохтанд. 

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин шашмоҳа   наҷотдиҳандагони Кумита 379 маротиба барои анҷоми корҳои имдод ба коргоҳ хориҷ шуда, 80 нафарро аз ҳаргуна рӯйдоду ҳодисаҳои фавқулода наҷот додаанд. 

Дар шашмоҳои аввали соли равон дар обҳои кишвар 91 (соли 2024 – 86) нафар бар асари риояи накардаи қоидаҳои шиновариву оббозӣ ғарқ шудаву ҷон аз даст додаанд.

Барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ва ағбаҳо, ҳамчунин таъмини амнияти ронандаҳо ва мусофирон дар давраи зимистони дастаи махсуси хадамоти наҷоти КҲФ дар минтақаи майхӯра (километри 62-уми роҳи Душанбе Хуҷанд) ва нақби “Истиқлол” (км 72) ҳамроҳ бо кормандони шгширкати роҳи «Innovative Road Solutions LTD» навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд. Дар ҷараёни ин навбатдориҳо 60 нафар (соли 2024 -160) ба маконҳои амн интиқол дода шуданд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои шарик, намояндагиҳои дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда чораҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва амалӣ меандешад. 

  Дар ин давра роҳбарияти Кумита бо роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ 24 мулоқот доир намуданд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсоз паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуданд.

Бо мақсади таълим ва такмили ихтисоси кадрҳо, инчунин баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар соли 2025 16 курси омӯзишӣ, семинарҳо, тамринҳо гузаронида шуд, ки дар он 44 хидматчии ҳарбии КҲФ ширкат карданд.

 

барчасп: