31-уми августи соли 2025, соати 11:58 дақиқа ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Гравзавод, дар ҳавзи ба машҳур бо номи “Мехкарйер” писарбачае ҳангоми оббози аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Баъди гирифтани хабар фавран гурўҳи 2-юми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуд.
Ҷасади ғарқшуда, соати 12:43 дақиқа аз ҷониби сокинони маҳаллаи мазкур пайдо карда шуда, барои ташхис ба мақомоти дахлдор супорида шуд.
Маълум гардид, ки марҳум як сокини 15-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гравзавод, хонаи №195/1 будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба хонаводар ғарқшуда, ба шаҳрвандон муроҷиаи мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.
Хусусан, дар соҳили обҳо ҳузур доштани ноболиғоне, ки илова ба беназоратӣ қоидаҳои шиноварӣ намедонанд, хатар дорад.