29 – уми августи соли 2025, соати 21:30 дақиқа дар қисмати шарқии деҳаи Сесангаи ҷамоати шаҳраки Оби Гарм ярч ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса симчӯби оҳанини хати барқии баландшиддати 35-ҳазор кВт корношоям шуда, роҳи мошингузари собиқ Оби Гарм-Нуробод баста гардид.
Ярч маҷрои дарёчаи Кундалангро баст. Эҳтимол мерафт оби ҷамъшуда як қисмати иншоотҳои ҷамоати шаҳраки Оби Гармро зери об кунад.
31-уми август, соати 12:50 дар қисмати шарқии деҳаи Сесанга ҳодисаи ярч дубора такрор шуд ва ин бор қитъаи хоку лой дар ҳаҷми бештар сарозер гардид.
Хати кандашавии ярч ба зери бинои истиқоматии Раҷабов Муродалӣ омад ва бо мақсади пешгирӣ аз хисорот масолеҳи сохтмонии бинои истиқоматии ӯ таҷзия (демонтаж) карда шуд.
Ин ҳодиса боис гардид, ки ба ҷойи маҳкамшудаи дарёи Кундаланг лойу хоки иловагӣ зам шавад.
Дар айни замон баландии оби чамъшуда дар дарёи Кундаланг як метрро ташкил мекунад. Хонаводаи Муродалӣ Раҷабов ба хонаи падараш, ки дар қисмати дигар ва бехатари деҳаи Сесанга ҷойгар аст, кӯчонида шуд.
Ба қисмати зарардидаи рӯди Кундаланг як адад погрузчик ва як мошини боркаши тамғаи Дулан сафарбар гардида, корҳои боз намудани маҷрои оби дарё идома дорад.