Сел дар ноҳияи Панҷ. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда зарари расидаро муайян мекунанд
Чоп шуд: 04/04/2023 | redaktor
Соати 01:30 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи 4 – уми апрели соли 2023 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар деҳаҳои Селга ва пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддин Кабуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сели азим омад ва таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинон, қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои киштро зери об кард.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ 15 хонаводае, ки дар селроҳа маскан доштанд, муваққатан ба ҷойи бехатар интиқол дод.