Бо баробари афзоиши офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои ғарқшавӣ зарурат пеш меояд, ки сафи наҷотдиҳандагони касбӣ низ зиёд гардад. Алъон дар Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд 14 нафар ва дар водии Зарафшон 10 нафар наҷотдиҳанда фаъолият мекунанд. Яке аз онҳо прапоршики калон Рустамҷон Сангинов мебошад. Номбурда дастурдиҳандаи калон-наҷотдиҳанда оид ба корҳои руйиобӣ ва зериобии гурӯҳи махсуси зудамали 2-юми ДМЗЧ-и Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад. Бо Рустамҷон Сангинов суҳбате доштем оид ба корҳои наҷот, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мекунем.
- Наҷотдиҳандаи хуб пеш аз ҳама бояд шиновари хуб бошад. Шумо шиновариро кай омухтед ва чи мушкилиҳо дошт?
-Албатта ягон кор бемушкилӣ намешавад, хоҳ кори ҳолатҳои фавқуллода бошад хоҳ кори соҳаҳои дигар. Аммо ба фикри ман ду чизи муҳим аст ки мушкилотро бартараф мекунад: аввал дӯст доштани касби худ ва баъд наҳаросидан аз мушкилоти мавҷуда.
Ман аз хурдӣ шиноварӣ омӯхта будам ва аз кӯлу ҷӯйбор сар карда, то дарёҳои метавонистам шино кунам. Тадриҷан ин маҳорат дар ман такмил ёфт ва ишқи ғаввосӣ ҳам бештар мешуд. Ҳисс мекардам, ки бо ин маҳорат ман метавонам ҷони инсонҳоро наҷот диҳад ва ин хоҳиш оҳиста-оҳиста ба як ишқ табдил шуд ва орзу маро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда овард.
- Шумо дар Раёсат наҷотдиҳанда оид ба корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ ҳастед. Кори шумо танҳо наҷот додани ғақршудагон аст?
-Не албатта. Кори мо доманааш фарох аст. Ғайр аз ғарқшудагонро наҷот додан ё ҷасади ғаршудагонро пайдо ва аз об берун кашидан, мо вазифаҳои зиёди дигар дорем. Шаҳрвандон ба Раёсати мо бо дигар мушкилоташон ҳам муроҷиат мекунанд. Масалан, баста шудани дар, дар бом ё дигар ҷойҳои дастнорасу пурхатар дармондани ҳайвони хонагӣ аз ҷумла гурба ё саг, садамаҳои даҳшатбори нақлиётие, ки ҷасад дар миёни оҳанпораҳои мошин мондааст, баъзе садамаҳои калони обӣ, тармаю ярҷ ва ғайра. Хулоса, кори наҷотдиҳанда гуногунпаҳлу аст.
- Аввалин бор кай барои пайдо кардани шахси ғарқшуда ба об даромадед ва киро дар кадом ҳолат ёфтед? Пайдо кардани ҷасад ба рӯҳияи шумо чӣ хел таъсир кард?
-Охири солҳои 2013 буд, ки аз дарёи Сир ҷасади як духтарчаи 7 соларо пайдо карда будам. Он духтарча барвақт ғарқ шуда, аз сабаби ба қимишҳои зери об рафта дармонданаш рӯйи об набаромадааст. Навкор, ки будам баробари пайдо карданаш ҳисси тарс аз ҷасад маро фаро гирифта буд. Аммо бо мурури вақт ва тақозои кор ба дидани ҳар гуна ҷасадҳо ва ҳолатҳо одат кардем ва ҳисси тарс рафъ шуд.
- Шумо гуфтед, ки дар масъалаи баста шудани дар ҳам сокинон муроҷиат мекунанд. Шудааст ҳолатҳое, ки вақте дарро боз кардед ва дар хона ба ҷойи одами зинда ҷасади ӯро дида бошед?
-Бале, ин гуна ҳодиса рух дода буд. Аммо ин чанд сол пеш буд. Сокинони қасабаи 31-уми шаҳри Хуҷанд ба мо муроҷиат карда буданд, ки як зани солхӯрдаи танҳое, ки мезист, чанд рӯз шуд падидор нест. Ҳамсояҳо ба ташвиш омада дарашро кӯбанд ҳам касе ҷавоб намедиҳад. Пайи ин муроҷиат ба манзили он зан рафтем ва бо таҷҳизотимахсус дарро кушода, вориди хона шудем, ки кампир тахмин як ҳафта пеш мурда мондааст. Боз чандин садамаҳои вазнини нақлиётӣ, ки ҷасадро аз нақлиёт берун кардем. Дар ҳодисаҳои лағзиши тармаву ярч ҳам бо ҷасади одамони зери онҳо монда зиёд рӯбарӯ шудаем.
- Фарқи наҷотдиҳӣ аз об ё дигар ҳолатҳои фавқуллода дар чист?
- Ҳар коре, ки рисолати мо аст, вазифаи мост, онро анҷом медиҳем. Ба фикри ман наҷоти одамон дар садамаҳои нақлиётӣ вазнин аст, чун дидани манзараи хунин ва аз он вазнинтар ба кас бетаъсир нест. Наҷот аз об ҳам кори осон нест, бахусус он ҷасадҳое, ки ба рустаниҳои зериобӣ дармонда, ба дараҷе мерасанд, ки шинохташон мушкил мешавад ва ин ҳам албатта ба инсон бетаъсир намемонад.
- Чанд сол боз шумо наҷотдиҳанда ҳастед? Давоми фаъолият худ чанд нафарро зинда аз об берун кардаед?
-Собиқаи наздики 10 солаи ширкат дар корҳои наҷот дорам. Дақиқан нашуморидаам, аммо беш аз 15 нафарро дар давоми фаъолияти худ аз об зинда наҷот додаам. Аммо шумораи ҷасадҳое, ки аз дарёфт ва аз об берун кардаам, хеле зиёданд.
- Вақте як нафарро зинда аз об мебароред чи эҳсос фаро мегирад шуморо?
-Аслан ҳар гоҳ вориди об мешавам бо як мақсад: Наҷоти инсон. Ҳеҷ вақт аз дил нагузарондаам, ки ин корро наметавонам ё шояд ин кори карда истодаам бенатиҷа шавад. Доим бо боварӣ ба об ворид мешавам, ки ғарқшударо ҳатман маеёбаму аз об берун мекунам.
- Ба зинда наҷот додани одамон чи хел дастёб мешавед? Ягон кас аз ғарқ шуда истоданаш хабар медиҳад ё аз камераҳои назоратӣ мебинед?
-Одаме, ки ғарқ шуда истодааст, аз одами оббозӣ карда истодааст куллан фарқ мекунад. Мо кормандони наҷот дар обанбору дарёҳо мегардем ва мебинем, ки ягон нафаре ғарқшуда истодааст, фавран ба кумакаш мешитобем. Ҳолатҳое шудааст, ки одамон бо берун кардани дасташон ёрӣ мехоҳанд, баъзе мебинӣ шахси машғули оббозӣ якбора нопадид мешавад ё дар ҳаракатҳояш хавфи ғарқшавӣ эҳсос шавад.
- Бо шахсони дар об наҷотдодаи худ ҳамсуҳбат мешавед? Мепурсед, ки чун шиноварӣ наметавонад, чаро вориди об шудааст?
- Албатта. Агар дар ҳолати беҳушӣ набошад мепурсем, ки барои чи то миёнаҷойи дарё даромадӣ? Ё чаро дар ҷойи манъшуда оббозӣ кардӣ? Дар ҷавоб сабабҳои гуногунро мегӯянд, ки намедонистам, роҳгум задам, барои то соҳил баромадан қувватам нарасид ва ҳатто баъзе вазъи саломатияшон ҳам тайғир меёбад, аз ҷумла кашида раги пой.
- Наҷотдиҳанда то чанд вақт дар даруни об мегардад ва ба умқи чанд метр метавонад ба қаъри об равад?
-Як наҷотдиҳанда 40 дақиқа дар дохили об метавонад шино кунад, яъне то як баллон тамом шудан. То чанд метр ба чуқурӣ рафтан ин аз малакаи касбии наҷотдиҳанда вобаста аст. Масалан ман то 14 метр ба даруни об меравам.
- Кор дар кадом мавсим мушкилҳои бештар дорад?
-Агарчӣ мавсими оббозӣ, яъне фасли тобистон ҳолатҳои ғақршавӣ ва хавфи он зиёд аст, аммо кор дар фасли зимистон мушкил аст. Чунки агар дар тобистон ғақршударо дар муддати аз 1 то 4 рӯз пайдо ва аз об берун кунем, дар фасли зимистон ин кор як моҳ ва аз он бештар тӯл мекашад.
Тоҷикистон бори аввал дар бартараф намудани паёмадҳои офати табиӣ дар хориҷи кишвар ширкат кард. Манзурам заминларзаи Туркия аст. Оё шумо ҳам рафта будед? Агар ҳа, пас чӣ хотироте аз он доред?
-Бале, мо ҳам рафта будем. Фикр мекунам дар давоми 10 соли фаъолияти кориям ин вазнинтарин ҳодисае, ки бо чашми худ дидам фуруравии биноҳо дар пайи зилзила дар давлати Туркиё буд. Дар тасвири он ҳодиса ва манзараҳо забон оҷизӣ мекашад. Вале мо наҷотдиҳандагони тоҷик хушбахтона тавонистем 4 инсонро зинда аз миёни анбуҳи биноҳои фурӯрафта берун орем. Шахсан ман вақти кофтукоб як пойи кӯдакро пайдо кардам, ки вақте қапидам боз ба дарунтар кашид пояшро. Маълум шуд, ки кӯдаки зинда аст. Бо воситаи халматра (дастгоҳ) армаруту бетонҳоро бурида кӯдакро наҷот додем. Вақте кӯдакро гирифтем дар оғуши модари фавтидааш буд. Боз як мардро наҷот додем, ки ба болояш 7 қабат хона фурӯ рафта буд ва ӯ дар таги диван зинда аст. Хулоса он рӯзҳои мудҳишро Худо ба сари ягон халқи рӯйи олам наорад...
- Баъди сафари Туркия чи навгони дар кору пайкори шумо шуд?
-Вақте баргаштем моро ҳам аз ҷониби ҳукумати кишвар ва ҳам аз ҷониби раиси вилояти бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молӣ қардшиносӣ карданд. Инчунин рутбаам боло бардошта шуд, то сафари Туркия ман прапоршик будам, баъди баргашт ба ман рутбаи прапоршики калонро доданд. Яъне, заҳматҳои моро дар кишварамон қадр карданд.
- Барои кор ба шумо. Сипос барои чунин суҳбати самимӣ.
Фарзона МУРОДӢ. Шаҳри Хуҷанд.