Натиҷаи кори Комиссияи ҳолатҳои фавқулода. Хабари расмӣ
Чоп шуд: 25/03/2023 | redaktor
24 марти соли 2023 гурӯҳи кории Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди деҳаҳои Палдорак, Ярм ва Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 144 хонаро аз назар гузаронд.
Санҷиш нишон дод, ки дар деҳаи Палдорак 77 хона зарар дидааст, аз ҷумла 2 хонаи истиқоматӣ пурра хароб шудааст ва 20 хонаи дигар қисман рӯ ба харобӣ овардааст.