Ба волидони сарбозон номаҳои сипос супурда шуданд

Дар ин рӯзҳо дар саросари кишвар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» иҷро мешавад.

Маросими супурдани сипосномахо таҳти шиори «Ташаккур барои хизмататон ба Ватан!» ба волидайни сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, ба як анъанаи хуби КҲФ табдил ёфтааст, ки ба ваҳдати артиш ва халқ мусоидат мекунад.

 Ба волидони сарбозоне, ки дар ин ду сол дар Қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати шоиста карданд, аз номи раиси Кумита сипосномаҳо супурда шуданд.

Ин номаҳои сипос дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Хатлон, вилоятҳои Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақдим гардиданд.

барчасп: