Ахбори рӯз

Хабарҳои рӯзи гузашта: Ҳалокати як нафар дар Талхоби Данғара, ки ба ҷарии умқаш 800 метр сарозер шуда буд

Бино ба маълумоти Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд, вале мутаассифона рӯйдодҳои нохуше ба вуқуъ пайвастанд, ки талафоти ҷонӣ доштанд.

Роҳандози корҳои таблиғотӣ ва рейдҳои муштарак дар Душанбе ва Бохтар

Таъмини бехатариву амният дар обҳо яке аз вазифаҳои басо муҳимест, ки ин шабу рӯз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар душ доранд. Мавсими тобистону оғози оббозӣ ва истироҳати тобистона дар соҳили рӯду канори кӯлу обанборҳост ва ин боис шуда, ки кормандони КҲФ дар баъзе манотиқ навбатдории ҳамешагӣ ташкил кунанд ва дар манотиқи дигар пайваста корҳои таблиғотиро роҳандозӣ кунанд, то аз шумори ғарқшудагон бикоҳанд.

Ҳалокати боз се нафар дар обҳои кишвар, ки ду нафарашон ноболиғон буданд

Ҳалокати боз се нафар

Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳалокати се нафар дар обҳои кишвар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод, ки ду тани онҳо бачаҳо буданд. Бино ба маълумоти расида ин ду кӯдаки ғарқшуда  бе назорати волидон дар соҳили обҳо ҳузур доштанд. То 16-уми июни соли 2023 дар обҳои кишвар 62 нафар ғарқ шуданд, ки 35 нафари онҳо кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.

Тавсияҳои такрорӣ ба сокинон. Гармои шадид, селҳои эҳтимолӣ, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо

 Гармои шадид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан дар маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба диққати сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 16-20 июни соли бар асари болоравии дамои ҳаво об шудани барфу пиряхҳо дар назар аст. Ин ҳолат метавонад сабабгори омадани селҳо дар минтақаҳои гуногун ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо шавад.

Ҷасади як ҷавони 26-сола, ки рӯзи 10-уми июн ғарқ шуда буд, пайдо гашт

Ҷасади як ҷавон

15 июни соли 2023 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шаш рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади як сокини 26-солаи пойтахти кишварро пайдо карданд.

10 июни соли 2023 ин сокини 26-солаи шаҳри Душанбе дар 29 километрии роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб дар рӯди

Страницы