Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон 13 октябри соли 2023 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддин Шоҳин), ҳамчунин ноҳияи Дарвози ВМКБ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат меборанд ва шамол дар як сония то 17-22 метр хоҳад вазид.
Дар натиҷаи боришот дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, афзоиши сатҳи об пешбинӣ шудааст. Харорати хаво 10—15 дарача паст мешавад.
Рӯзҳои 13-14 октябри соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои ВМКБ таҳдиди омадани селҳо боқӣ мемонад.
Дар натиҷаи боришот ҳолатҳои фавқулоддаи зерин метавонанд ба амал оянд:
— эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳаводиси дигар;
— эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид дар сурати аз ҷӯву заҳбурҳо берун шудани об;
— эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди туфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасон.
КҲФ ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу масканҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу хок тоза кунанд.
Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, осеб дидани боми хонаҳо, сутуни рекломҳои сутниҳод шардад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд.
Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои одитарин бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар аз қабл омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.