Ахбори рӯз

Сел муваққатан роҳи мошингардро дар ҷамоати Қалъаи лаби об баст

 Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош

25 октябри соли 2022 дар километри 202 шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош, ки аз қаламрави ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, сел омад. Дар натиҷа ин роҳ муддате баста шуд.

Ба бартараф намудани  паёмадҳои ин сел техникаи муҳандисси хадамоти роҳи ноҳия сафарбар карда шуд. Барои сари вақт гузаштани мошинҳо роҳи эҳтиётӣ боз

Корҳои сохтмон ва рафъи паёмадҳои бархӯрди низомии ахир дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров дар арафаи анҷомёбист

Корҳои сохтмон ва барқарорсозии  харобаҳои бархӯрди низомӣ, бунёди хонаҳои нав барои сокинони ноҳияҳои назди марзии Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки манзили истиқоматиашон комилан харобу валангор шуда буд, ба шиддат идома дорад.  Бино ба гузоришҳои расида ин корҳо ҳоло дар арафаи анҷомёбианд.  

 

Машқи фармондеҳӣ-ситодӣ дар Хатлон

Рӯзҳои 20-21 октябри соли ҷорӣ дар Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон машқи фармондеҳӣ – ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании Марказ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда (Заминларза)” ва расонидани кумаки амалӣ – методӣ бо гузаронидани  машғулиятҳои  намунавӣ  гузаронида  шуд.

Марги як духтари 16-сола дар ҷамоати Шинг, ки танҳо чорво мечаронд

Шабонарӯзи гузашта ба қаламрави кишвар ҳодисаи нохӯше рух дод, ки бар асари он як духтари 16-сола ҷон бохт. Бино ба хабаре, ки ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, рӯзи 23-уми октябри соли равон тахминан соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ як сокини 16-солаи деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: То 27-уми октябр ҳаво абриву боронӣ хоҳад буд! ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 27-уми октябри соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 1500 м) ин борон ба барфи тар табдил мешавад. Ғайра аз ин дамои ҳаво дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ сард мешавад.

Страницы