Ахбори рӯз

Ҷаласаи коршиносони кишварҳои минтақа дар ҳошияи Форуми минтақавии сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

5 октябри соли 2022 дар ҳошияи Форуми минтақавии ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст рӯзи 6-уми октяб оғоз ба кор кунад, таҳлилгарони ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои минтақа якҷо бо коршиносони байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисаҳои илмӣ ҷаласа доир карданд ва дар он баъзе пешниҳодҳои бунёдиро мувофақа карданд ва мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории як Форуми минтақавӣ ба Душанбе меоянд

6 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии – Ҷаласаи сарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо: таҳкими устувории минтақаи Осиёи Марказӣ ба офатҳо баргузор мешавад.

Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои ваколатдори пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои...

Суҳбат дар бораи коррупсия дар Раёсати шаҳри Душанбе

Рӯзи 29 сентябри соли 2022 мулоқоти ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе капитани адлия Аҳлиддинзода М.А. баргузор гардид.

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Муъминобод

Аз 22 то 24 сентябри соли 2022  дар ноҳияи Муъминобод санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва машқи мукаммал дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода»  гузаронида  шуд.

Наҷоти як пиразани танҳову ранҷӯр аз дохили як хонаи дарбаста дар шаҳри Турсунзода

Наҷоти пиразан

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода аз наҷоти як пиразани ба тахмини ҳамсоягон 70-сола хабар дод,ки дари хонааш баста шудаву мустақилона наметавонад онро боз кунад. Бино ба хабари шаҳрванд Парвиз Юсуфов ин пиразани танҳо дар хона бемор аст ва парасторонаш ҳам ҳамроҳаш нестанд.

Страницы