Мулоқоти генерал Назарзода бо Адҳам Муслим

23 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо сарвари Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Адҳам Мусаллам баргузор шуд.

Мақсади асосии вохӯрӣ баррасии масъалаҳои марбут ба расонидани кӯмаки ғизоӣ ба аҳолии аз сел зарардида дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар оғози мулоқот раиси Кумита барои ҳамкориҳои судманд ва сари вақт расидани кумакҳо ба аҳолии осебдида дар офатҳои табии рӯзҳои охир изҳори сипос намуд. 

Дар вохӯрӣ тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби Кумита ва Барномаи ҷаҳонии озуқа барои муайян кардани ниёзҳои аҳолии осебдида ва расонидани кӯмаки минбаъда як гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шавад.    

Ин гурӯҳ як шакли пурсишнома, гузориши омориро танзим ва таъйин мекунад ва барои тасвибу тасдиқ ба  роҳбарияти тарафҳо пешниҳод мекунад. Пас аз тасдиқи шакли ниҳоии ҳуҷҷатҳо, ин гурӯҳ ба минтақаҳои зарардида сафар карда, ҳарчи зудтар ҳарҷи зарари расидаро арзёбӣ мекунад ва роҳбариятро аз натиҷаи корҳои созмондода огоҳ месозад.

Раиси Кумита пешниҳод кард, ки барномаи таҳкими соҳили дарё ва тоза кардани каналҳо, инчунин захираи сӯзишворӣ барои истифодаи минбаъдаи он дар ҳолатҳои фавқулодда идома дода шавад.

Ҳамчунин, раиси КҲФ пешниҳод кард, ки ба аҳолии осебдида, ки дар борону селҳои ахир майдони кишти зироати кишоварзиашон зарар дид, барои кишти дубора тухмии картоша, пиёз, сабзӣ, ғалла ва ғайра кумак карда шавад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба ин назар шуданд, ки механизми мавҷудаи ҳамкориҳо миёни КҲФ ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ имкон хоҳад дод дар оянда низ  ба таври муассир ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва технигенӣ вокуниш нишон диҳанд ва ба осебдидагон саривақт кумакҳои лозимаро расонанд.

барчасп: