Оғози тамринҳои дурӯза дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 ва Фармони Раиси Кумита «Дар бораи санҷиши ҳолати омодагӣ ва гузаронидани машқҳои маҷмуъиии мудофиаи гражданӣ» рӯзҳои 23-24 майи соли 2024 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзӯи: «Амали мақомоти роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зерсистемаҳои функсионалӣ ва ҳудудии Системаи ягонаи давлатии ноҳия дар пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулода тамрин оғоз шуд.

 Марҳилаи аввали он 23 майи соли 2024 бо эълони «Бонги хатар» барои ҳайати роҳбарии Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ шуруъ шуд. Раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода аз оғози тамрин хабар дод ва ширкаткунандагонро бо ҷараёни омӯзиш шинос кард.

Зимни суханронии худ Ҳикматуллозода А. қайд намуд, ки ҳадаф ва баргузории чунин чорабинӣ санҷиши омодагии тамоми сохторҳои ноҳия барои ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави ноҳия дар пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ мебошад.

Ба зерсистемаҳои дахлдори ҳудудии ноҳия ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Марҳилаи дуюми машқ 24 майи соли 2024 оғоз мешавад.

барчасп: