Кумакҳо ба зарардидагони ноҳияҳои Нуробод ва Рашт расиданд

Рӯзи 23 майи соли 2024 корҳои бозсозӣ дар километри 140-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки бар асари сел осеб дида буд, идома ёфт. Ба ин кор 3 адад техникаи муҳандисии хадамоти роҳи ноҳияи Нуробод ва 4 адад техникаи хадамоти роҳи ноҳияи Рашт ҷалб карда шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Сарицоши ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод идома доранд.

Дар мавзеъи пули деҳаи Яхақ бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ ва 120 нафар аҳолии маҳаллӣ ҳашар ташкил карда шуда, корҳои соҳилбандӣ анҷом дода шуд.

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 75 оилаи осебдидаи ноҳияи Нуробод ва 60 оилаи ноҳияи Рашт кумакҳои якдафъаина расонида шуд. 

Онҳо бо орд, шакар, равғани рустанӣ, нахуд, биринҷ, ҷав, картошка, сабзӣ, пиёз, рахти хоб – курпа, рӯйпӯш, матрас, болишт, мӯзаи резинӣ, ароба, белу бел таъмин карда шуданд.

барчасп: