Оғози дидору мулоқотҳо барои фаҳмонидани замимаи мобилии «SOS»

23 майи соли 2024 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таълимгирандагони мактабҳо ва омӯзгорон воӯриҳо гузаронида дар бораи замимаи мобилии SOS маълумот доданд. Ин оғози корҳои таблиғотии шиносоии аҳолӣ бо ин барномаи мобилӣ аст.  Ин барнома барои онҳое, ки дар ҳолати фавқулодда қарор доранд, таҳия шудааст.

Ин гуна вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 20, 31, 55, 65 ва 100-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор шуданд. Дар онҳо кормандони КҲФ ин барномаро барои хонандагону омӯзгорон муаррифӣ карданд ва аз хубиҳои он ва истифодаи он гуфтанд.

Кормандони КҲФ ҳамчунин таъкид карданд, ки барнома фарогир аст ва ҳам барои калонсолон ва ҳам барои наврасон таҳия шуда, ба ташаккули фарҳанги рафтори бехатар дар байни калонсолон ва ҳам насли наврас пешбинӣ шудааст.

Онҳо қайд карданд, ки барнома ба шумо барои фавран пайдо кардани маълумот дар бораи чӣ кор кардан дар ҳолати фавқулодда кӯмак мекунад ва ҳам дар хона ва ҳам дар истироҳат муфид хоҳад буд. Дар барнома корбар метавонад ба хадамоти наҷот занг занад ва ҷойи вуқуъи ҳодисаро бигӯяд. Барои дарёфти маълумоти муфассал корбар метавонад ҳамеша зуд ба саҳифаи портали интернетии расмии КҲФ Тоҷикистон равад.

Ин замимаи барнома на танҳо бахшҳои дорои маълумоти муфид, балки бахшҳои интерактивиро низ дар бар мегирад. Дар айни замон бахшҳои зерин таҳия шудаанд: «Чӣ бояд кард», «КҲФ тавсия медиҳад», «Ёрии аввал», «Тайёр будани худро санҷед», «Дониши худро санҷед».

Замимаи амнияти мобилии “SOS”, ки аз ҷониби мутахассисони Кумита якҷо бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҳия шудааст, барои боргирӣ (скачать) дар мағозаҳои онлайнии Google Play ва App Store дастрас буда, дар системаҳои iOS ва Android бомуваффақият кор мекунад. 

Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ ҳам дар пойтахт ва ҳам дар минтақаҳо идома хоҳанд ёфт.

барчасп: