Ахбори рӯз

Сафири Туркия дар Тоҷикистон имдодгарони тоҷикро қаҳрамонони кишвараш хонд (ВИДЕО)

Дастаи 50-нафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 01:00 дақиқаи рӯзи 23-уми феврали соли равон аз Туркия баргашт. Имдодгарон аз 10-уми ферали соли равон дар қаламрави зилзилазади Ҷумҳурии Туркия ба корҳои ҷустуҷӯву наҷоти сокинони зери вайронаҳо монда машғул шуданд.

Боз заминларза дар Тоҷикистон. Ин бор 5 балл

Бино ба гузориши Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ имрӯз, 23-уми феврал, соати 13:01 дарқиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар бори дигар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза 380 кмҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 86 км ғарбтар аз ноҳияи Мурғоб ва 45 км шимолтари кӯли Сарез буд.

Мулоқот бо ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар КҲФ (ВИДЕО)

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда 21 феврали соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сарварии Роҳбари Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ – Ёвари ҷонишини вазири корҳои хориҷии Арабистон...

Маҷлиси ботантана ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ

22 феврали соли 2023 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.

Ҷонишини раиси Кумита, полковник Ҳотамшо Латифзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҷамъомадагонро ба ин муносибат самимона табрик кард. Вай гуфт:

ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ СУБҲИ ИМРӮЗ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАР

Субҳи имрӯз, 23-уми феврал соати 05:37 дақиқа ва соати 05:55 дақиқа (ду маротиба) ба вақти маҳаллӣ дар  қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон заминлрза ба қайд гирифта шуд.

 Маркази заминларза  400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе,  65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб  ва 30 км шимолтари “Кули- Сарез” мебошад.

Страницы