Ахбори рӯз

Садамаи мошини сӯхтбар дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабаби баста шудани роҳ гардид

5 – уми марти соли 2023 тахминан соати 13:33 дар километри 114-115 роҳи мошингарди  Душанбе-Хуҷанд, ки аз деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ убур мекунад, садамаи мошин ба қайд гирифта шуд.

Як мошини сӯхтбар ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар роҳ чаппа шуд. Сабаби ин ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст. Ин мошини пур аз гази моеъ сабаби қатъи ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ шуд.

Омодагии сокинони шаҳри Турсунзода ба мавсими баҳории омадани селҳо

Бо боло рафтани дамои ҳаво эҳтимоли офатҳои табиие ба мисли лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо ва ярч зиёд аст.

Бо супориши Раиси КҲФ Гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии муовини якум ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки

Заминларза дар Тоҷикистон. Бе талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сеймологияи АМИ Тоҷикистон 4-уми марти соли равон соати 05:23 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази он 370 километрии ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 97 километр ғарбтари кӯли Сарез ва 37 километр ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои имдодгарони КҲФ таҷҳизоти наҷот тақдим кард

Агентии Оғохон

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда байни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қабули таҷҳизоти техникӣ барои гурӯҳи наҷот баргузор гардид.

Барои дастаҳои наҷот васоити зарурӣ ҷиҳати анҷоми корҳои садамавӣ – курсиҳои эвакуатсия, прожекторҳои диодӣ, таҷҳизоти ғаввосӣ, фонусҳо барои фаъолиятҳои зериобӣ ва расанҳои наҷот супурда шуданд.

Суҳбати судманд дар бораи коррупсия

Суҳбати судманд дар бораи коррупсия

3 марти соли 2023 бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи якум (2021-2025)» ва тибқи нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо коррупсия дар байни кадрҳо дар Раёсати таъминоти моддию техникӣ, озуқаворӣ ва нақлиёт, Раёсати сохтмон, истифодабарии биною иншоот ва Раёсати кӯли Сарез бо нозири калони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник

Страницы