Сеюмин Конфронси бйналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард

Рӯзҳои 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар самти захираҳои об дар сатҳи минтақавӣ, маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ ташкил шудааст.

10 июни соли 2024 дар доираи конфронс Форуми Осиёи Марказӣ «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми байналмилалии парлумонӣ:  «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», Форуми байналмилалии пиряхҳо ва ғайра баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти КҲФ ширкат дошт.

Форуми Форуми байналмилалии парлумонӣ:  «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон»  бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парлумонҳои ҷаҳонӣ, алалхусус минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амалӣ гардид.

Дар ифтитоҳи Форуми Осиёи Марказӣ «Тағйирёбии об ва иқлим» сардори Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода зимни суханронӣ аҳамияти баргузории чорабинии байналмилалиро қайд намуд. Вай таъкид кард, ки Форум барои кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки талошҳоро барои ноил шудан ба устувории обу иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ муттаҳид кунанд.

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷумла гуфт: "Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло зарурати амалҳои бештар ва таъхирнопазирро барои мубориза бо тағирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он эътироф менамояд. Ҳалли ин масъалаҳо аз ҳамаи мо тақозо мекунад, ки аз идораи офатҳои табиӣ ба идораи хавфҳо ва аз афзалият додан ба вокуниш ба авлавият додан ба пешгирӣ гузарем”.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки иқдомоте, ки Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ҳамкориро бо шарикон ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангсозии миллӣ ва баланд бардоштани иқтидор дар соҳаи коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим идома медиҳад».

Дар рафти форум масъалаҳои дастгирии субот ва рушди устувори иқлим дар водии Фарғона, минтақаи наздисарҳадии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин такмили ҳамкорӣ ва баланд бардоштани устувории ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ ва минтақавӣ ба таҳдидҳо ва хатарҳои марбут ба тағирёбии иқлим баррасӣ шуданд.

Чорабиниҳои байналмилалӣ, ки идома доранд, олимон, коршиносон, намояндагони давлатҳои гуногун ва ҷонибҳои манфиатдорро барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағирёбии иқлим гирди ҳам овардааст.

Натоиҷи Форум дар иҷлосияи ниҳоии Конфронси сеюми Даҳсолаи амал оид ба об дар шаҳри Душанбе «Об барои рушди устувор» муаррифӣ мешавад.  

Инчунин, роҳбарияти Кумита дар кори Форуми байналмилалии парлумонии «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» ва Форуми пиряхҳо иштирок намуда, дар суханрониҳои худ атрофи масоили мавриди баҳс ибрози назар намуданд.

барчасп: