Дар ҳошияи Сеюмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода 10 июни соли 2024 бо чанде аз иштирокчиёни чорабинии мазкур як қатор вохӯриҳо баргузор намуд.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар самти захираҳои об дар сатҳи минтақавӣ, маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ ташкил шудааст.
Аз ҷумла, сарвари КҲФ бо Роҳбари Дафтари минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR), хонум Наталя Алонсо Кано ва хонум Армида Салсия Алишахбана, Директори иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) дидор ва гуфтугӯ кард.
Зимни вохӯриҳо роҳбари Кумита барои фаъолияти муштарак ва саҳмгузорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори сипос намуда, ҷиҳати беҳбуди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт як қатор пешниҳодҳо ба миён гузошт.
Дар навбати худ меҳмонони воломақом ба ҳамкориҳои наздик бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд. Дар ин дидору мулоқотҳо оид ба мусоидат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ташкили давраҳои омӯзишӣ, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо, беҳтар кардани сатҳи иттилоънокии аҳолӣ тавофуқ ба даст омад.