Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳо дар вилояти Суғд

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини бехатарии шаҳрвандон дар назди махзанҳои об, махсусан дар мавсими оббозӣ аҳамияти калон медиҳад.

Бо ин мақсад кормандони КҲФ чорабиниҳои гуногуни иттилоотию таблиғотиро, ки ба баланд бардоштани фарҳанги бехатарии ҳаёт ва пешгирии марги одамон дар объектҳои об нигаронида шудаанд, амалӣ менамоянд.

Чунончӣ, тайи 24 соати охир кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд дар махзанҳои оби ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилоят рейдҳои пешгирикунанда доир намуданд.

7 июни соли 2024 аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо истироҳаткунандагон дар соҳили кӯлҳо, ҳавзҳои оббозӣ, ки аз ин минтақаҳо мегузаранд ва ҷойгиранд, корҳои таблиғотӣ бурданд.

Чорабиниҳо бо мақсади санҷиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар кӯлу дарёву каналҳо гузаронида шуданд. Ҳамчунин дар ҷараёни рейдҳо кори гурӯҳҳои наҷот дар соҳилҳо санҷида шуд. Кормандони КҲФ бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар соҳили дарёву кӯлу каналҳо бори дигар дар ҷойҳои муҷаҳҳаз оббозӣ кардани шаҳрвандон стендҳои огоҳкунанда гузошта, брошюра ва буклетҳо паҳн намуданд.