Ҳаводиси олам

Эълони 11 куштаи инфиҷор дар биное дар шаҳри Магнитогорски Русия

Дар инфиҷори як хона дар шаҳри Магнитокорски Русия то ҳол аз ҳалокати 11 нафар хабар дода мешавад. Чанд тани дигар зинда, вале дар ҳоли вазнин берун оварда шудаанд. Дар миёни зиндаҳо тифлаки 11-моҳа низ будааст. Бино ба хабарҳо зери ин вайрона як хонаводаи тоҷик аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ки барои наҷоти солимашон аз ҳамвандон интизори дуоянд.

Садамаи дуюмин ҳавопаймо дар Конго зарфи як ҳафтаи охир

Сафири Русия дар Ҷумҳурии Демократии Конго Алексей Сентебов эълон кард, ки ҳавопаймои номуваффақ ба заминнишаста дар шаҳри Бени шарқи ин кишварро халабонҳои рус идора мекарданд. Ҳавопаймои тамғаи Ан номуваффақ ба замин нишастааст ва бар асари он наздик ба 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хабар дода мешавад, ки ҷароҳати 8 сарбоз хеле шадид ва нигаронкунанда  аст.

Ҳалокати бештар аз чаҳорсад нафар дар вулқони Индонезия

қурбониёни вулқони харобиовари Индонезия ба 429 нафар расид ва ин рақам ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Раёсати миллии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Индонезия ахиран аз ҳалокати 429 нафар хабар дод.

Намояндаи Раёсати миллии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Индонезия Сутопо Пурво Нугрохо гуфтааст, ки

Чаҳор кушта бар асари аз роҳ хориҷ шудани қатори суръатболо дар Анқара

Дар Анқара бар асари аз роҳ берун шудани қатори суръатболо 4 нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 40 тани дигар захмӣ гаштанд. РИА Новости истинодан ба хабари расонаҳои туркӣ иттилоъ додааст, ки аз хати ҳаракат ду вагон хориҷ шудааст.

Бино ба гузориши  NTV аз хати ҳаракат хориҷ гаштани ду вагони қатор 4 нафар ҳалок шудаву бештар аз 40 нафар

Сӯхтор дар ошёнаи даҳуми хобгоҳе дар Минск

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорусия аз наҷоти ду зарардида ва интиқоли 250 бошандаи як хобгоҳи бисёрошёна дар Минск хабар доданд. Дар ошёнаи даҳуми ин бино утоқе оташ гирифтааст ва аз тарси хавфи сӯхтор ҳудудан 250 нафар ба макони амн интиқол ёфтаан

Хабар дар мавриди оғози сӯхтор соати 19:00 расидааст.

Страницы