Ҳаводиси олам

Дар зилзилаи вилояти Кирмоншоҳи Эрон 75 нафар маҷрӯҳ шуданд

Зилзила дар вилояти Кирмоншоҳи Эрон ба маҷрӯҳ шудани дастикам 75 нафар анҷомид. Бино ба гузориши ВВС ин заминларза дар Гелонғарб ба вуҷуъ пайвастааст ва тибқи хабари   Созмони заминшиносии Амрико бузургии он 5,6 балл будааст. Аммо маркази зилзиланигории кишварии Эрон, ки марбут ба  Донишгоҳи Теҳрон аст, қувваи ин заминларзаро 5,9 балл эълон крадааст.

Ҳалокати ҳудудан 30 нафар тиллоҷӯёни афғон бар асари фурӯравии кони тилло дар вилояти Бадахшон

Хабаргузориҳои Афғонистон аз ҳалокати 30 нафар тиллоҷӯёни афғон дар як кони тилло воқеъ дар ноҳияи Кӯҳистони вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бадахшон иттилоъ додаанд. Ин хабаргузориҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки 12 тани дигар шадидан захмӣ шудаанд.

Бар асари фурӯ рафтани кон дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистони Бадахшони Афғонистон ҳудудан 30 нафар ба

Теъдоди ҳалокшудагони фоҷеаи Магнитогорск ба 19 нафар расид. Сарнавишти чаҳор ҳамватани мо номаълум

Аз зери вайронаҳои хонаи фурӯрафта бар асари таркиши газ дар Магнитогорск 19 ҷасадро берун оварданд. Дар ин бора “Интерфакс” истинодан ба манбаъҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод.

Ҳамчуноне хабар дода будем, ин хона шаби 31-уми декабр бар асари инфиҷори таҷҳизоти газӣ ба харобазор табдил

Эълони 11 куштаи инфиҷор дар биное дар шаҳри Магнитогорски Русия

Дар инфиҷори як хона дар шаҳри Магнитокорски Русия то ҳол аз ҳалокати 11 нафар хабар дода мешавад. Чанд тани дигар зинда, вале дар ҳоли вазнин берун оварда шудаанд. Дар миёни зиндаҳо тифлаки 11-моҳа низ будааст. Бино ба хабарҳо зери ин вайрона як хонаводаи тоҷик аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд, ки барои наҷоти солимашон аз ҳамвандон интизори дуоянд.

Садамаи дуюмин ҳавопаймо дар Конго зарфи як ҳафтаи охир

Сафири Русия дар Ҷумҳурии Демократии Конго Алексей Сентебов эълон кард, ки ҳавопаймои номуваффақ ба заминнишаста дар шаҳри Бени шарқи ин кишварро халабонҳои рус идора мекарданд. Ҳавопаймои тамғаи Ан номуваффақ ба замин нишастааст ва бар асари он наздик ба 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хабар дода мешавад, ки ҷароҳати 8 сарбоз хеле шадид ва нигаронкунанда  аст.

Страницы