Сенздаҳ қурбонии зукоми хук дар Гурҷистон

Зарфи як моҳи охир дар Гурҷистон 13 нафар аз зукоми хук ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора «РИА Новости» истинодан ба хабари ширкати телевизионии «Рустави” иттилоъ дод.

Ин манбаъи хабарӣ гуфтааст, ки дар умум 162 нафар чун сироятшудагон ба H1N1 ба қайд гирифта шуданд. То ин дам 13 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд, “озмоишгоҳ 10 ҳолати маргро тайид кардааст”.

4 январи соли равон хабаргузориҳо аз ҳалокати 6 нафар ва сироят шудани 144 тан иттилоъ дода буданд. 

Баъди он ки вазорати тандурустии Гурҷистон сироят ба вируси зукоми хукро дар  мамлакат тайид кард, ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ ба низоми фаъолияти фавқулоддаи хизматрасонӣ гузаштанд.

Вазорати тандурустии ин кишвар сабаби маргумири барзиёдро дар сари вақт ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат накардани сироятшудагон унвон кардааст. 

Дар ҳамин ҳол корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд як сабаби густариши беморӣ сари вақт нарасидани мошини ёрии таъҷилист. Ёрии таъҷилӣ ё ба таъхири чандин соат мерасад ва ё умуман намеояд. Аз сӯи дигар камбуди як доруи хеле маъмул зидди ин вирус миёни аҳолӣ воҳима андохтааст.

Ҳоло вазорати тандурустии Гурҷистон аз захираҳои худ 800 бастаи ин доруро ба чор шабакаи дорухонаҳо тақсим кардааст ва гуфта мешавад, ки 10-уми январ аз анбори вазорат миқдори бештари дору ба дорухонаҳо ирсол мешавад. 

Бино ба гузориши “РИА Новости” волидони хонандагон хостори тамдиди муҳлати таътили зимистонадар мактабҳо шудаанд, вале вазорати маориф то кунун ба ин дархост посухи мушаххас надодааст.

барчасп: