Ҳаводиси олам

Олами ноором: сӯхторҳои харобиовар, обхезиҳо, тӯфонҳои эҳтимолӣ...

Пешгирӣ аз сӯхтори эҳтимолӣ дар Бошқирдистон. Мақомоти интизомӣ мегӯянд расиши кӯтоҳи ноқил метавонист муҷиби сӯхтори азим дар як маркази савдо шавад, вале аз қабл онро пешгирӣ кардаанд.

Дар Амрико низ аз тӯфонҳои соли гузашта ибрат гирифтанд ва имсол аз қабл аҳолиро аз 8 тӯфони азим ҳушдор медиҳанд, ки метавонад харобиовар бошад.

Рӯйдодҳои олам: оташсӯзиҳо, обхезиҳо, садамаҳои маргбор...

Рӯзҳои охири ҳафта расонаҳои хабарии олам аз рӯйдоҳои зиёде хабар доданд, ки талафоти ҷонӣ доштанд, иншоотҳоро хароб кардаанд, ҷони одамонро дар хатар гузоштаанд. Дар олами паҳновар ҳар соату ҳар рӯз ҳодисаҳое иттифоқ меуфтанд, ки ҳалокатборанд. Аз ин рӯйдодҳо метавон даҳҳо хабарро дар саҳифа ҷо дод. Вале бо хулоса ва чанд мисол иктифо мекунем.

Қадршиносии мақомоти Русия аз қаҳрамонии тоҷикписаре, ки дар Кемерово одамонро наҷот дода буд

Зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимов, ки бо ҳамраҳони тоҷикаш рӯзи сӯхтори фоҷеабори Кемерово дар наҷоти даҳҳо нафар саҳм гирифта буд, аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия қадрдонӣ шуд. Александр Бастрикин, сарвари ин ниҳоди давлатии Русия рӯзи 31-уми март дар ҷараёни қадрдонӣ аз қаҳрамониву шуҷоати афроде, ки дар наҷоти ҷони зери сӯхтормондагон ҳиссагузор буданд, зодаи шаҳри Душанбе Фарзон Салимовро низ

Reuters: Дар садамаи ҳавопаймоии Непал на камтар аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд

Аз ин садамаи маргбор рӯзи душанбе хабаргузориҳо иттилоъ доданд. Аммо маълумоти дақиқи ҳалокшудагон ва захмбардоштагон то ҳол расонаӣ нашудааст.

Бар асари садамаи як ҳавопаймо дар фурӯдгоҳи непалии Трибхуван на камтар аз 50 нафар кушта шуданд. Дар ин бора ожонсии хабарии  Reuters истинодан ба намояндагони артиши Непал хабар дод.

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои суқуткардаи ширкати ҳавопаймоии “Осмон” шуруъ шудааст

Аз субҳи имрӯз расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, ки ҷустуҷӯи ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон”, ки субҳи рӯзи якшанбе аз фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон парвоз карда буд, оғоз шудааст. Ҳасани Руҳонӣ- Раисиҷумҳури Эрон дар паёми тасаллиятии худ гуфт:  “Сониҳаи талхи суқути ҳавопаймои мусофирбарии ширкати Осмон, ки мунҷар ба ҷон бохтани иддае аз ҳамватанони азиз шуд,

Страницы