Ҳаводиси олам

Аргентина маллоҳони гумшудаи киштии зериобиро дигар ҷустуҷӯ намекунад

Аргентина эълон кард, ки амалиёти ҷустуҷӯи маллоҳони гумшудаи киштии зериобии “Сан-Хуан”-ро қатъ мекунад. Дар ин бора бегоҳии дирӯз намояндаи неруҳои дарёии ин кишвар Энрик Балби хабар дод.

Номбурда дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт: муҳлате, ки имкони зиинда пайдо кардани маллоҳонро пешбинӣ мекард, гузашт. Мо беш аз ду маротиба рӯзҳои

Бар асари суқути ҳавопаймои мулкӣ дар Хабаровск шаш нафар ба ҳалокат расиданд

Ба асари суқути ҳавопаймои мулкӣ дар ноҳияи Нелкани вилояти Хабаровски Русия шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба хабари ТАСС ин ҳавопаймои сабуки  Let L-410 будааст, ки дар он ҳамагӣ ҳафт нафар парвоз мекарданд, шаш нафарашон ҳалок шуданд ва танҳо як кӯдак зинда мондааст, ки барои наҷоти вай чархболи беҳдоштӣ фиристода шудааст.

Сарвари Эрон гуфт, ки созандагони биноҳои пастсифатро ба ҷавобгарӣ мекашад

Ҳасани Руҳонӣ- Раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки масъулини биноҳое, ки дар зилзилаи якшанбешаби гузашта фурӯ рехтаанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Сарвари Эрон ба он биноҳое ишора кард, ки дар ин заминларза аз бесифатӣ зиёдтар тахриб шудаанд. Намояндаи Кирмонҳош дар Маҷлиси Эрон низ иттилоъ додааст, ки аллакай ҳукми боздошт ва ҳабси паймонкори бемористоне дар шаҳри Сари Пули Заҳоб

Заминларзаи шадид дар Кирмоншоҳи Эрон ҳудудан 210 нафарро кушт

Заминларзаи шадиди то 7,3 балл бахшҳое аз Эрон ва Ироқро ларзонд ва бар асари он даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд, ҳазорҳо тани дигар захмӣ гаштанд.

Заминларза дар Сари Пули вилояти Кирмоншоҳи Эрон харобии бештар овардааст ва дар чанд вилояти дигар низ сабаби эҳсос ва ваҳшати сокинон шудааст.
Доктор Маҳдии Зореъ-узви ҳайати илмии пажуҳишгоҳи

Дар Малайзия моҳигирро тимсоҳ хӯрд

Сокини Малайзия қурбонии тимсоҳи одамхӯр шуд. Ин ҳайвони ваҳшии обӣ ба моҳигир замоне дауфтод, ки моҳӣ сайд мекард. Чанд соат баъдтар устухонҳои ӯро 7 километр дуртар дар қаламрави мамнуъгоҳ пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ки ин моҳигир рӯзи 5-ум аз маҳалли кораш воқеъ дар иёлоти Сабоҳ ғайб зад. Рафт, ки шабакаи

Страницы