Гирдбоди Сан – Ремно 3 нафарро захмӣ кардааст. Як шаҳрванди Украина дар обхезии Шри-Ланка кушта шудааст. Дар Туркия ду автобус ба ҳам задаву 19 нафарро дар бемористон бистарӣ кардааст. Дар бархӯрди ду киштӣ дар Куриёи Ҷанубӣ 13 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Кормандони вазорати фавқулоддаи Русия дар як моҳ даҳ ҳазор нафарро наҷот додаанд.
Инҳо номгӯи чанд хабаре, ки ахиран ба дастамон расид.
Гирдбоди Сан-Ремно 3 нафарро захмӣ кард
Гирдбоди шадид дар шаҳри Сан-Ремои Итолиё сабабгори захмӣ шудани се нафар шуд. Навори ин гирдбод дар YouTube интишор ёфтааст.
La Stampa навишт, ки дар ин гирдбод касе ҳалок нашуд, вале се нафар захм бардоштанд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки гирдбод шабеҳи торнадои маъмулӣ буд, ки сари чанд вақт рух медиҳад.
Консули Украина дар Шри-Ланка ҳалокати як украин дар обхезиро тайид кард
Бар асари обхезӣ дар Шри-Ланка як шаҳрванди Украина ба ҳалокат расид. Сафорати ин кишвар дар Шри-Ланка марги шаҳрванди худро тайид кард. Дар хабар гуфта мешавад, ки мавҷ ӯро дар наздикии шаҳри сайёҳии Галле ба гирдоб кашид.
Хадамоти консулии Вазорати корҳои хориҷии Украина рӯзе қабл дар Тветтер навишт: “Конусул марги шаҳрванди мамлакатро тайид мекунад ва ҳоло ҳама чораҳо зарурӣ барои пайдо кардан ва интиқоли ҷасади ҳалокшуда андешида мешавад”.
Аз ин пештар нашрияи Deutsche Welle хабар дода буд, ки дар Шри-Ланка тӯфони “Окхи” шуруъ шуд, ки обхезии шадидро ба дунбол дошт. Ҳукуматдорони маҳаллӣ марги 26 нафар бар асари ин обхезиро тайид карданд.
Дар ҷазира наздик дар 20 ҳазор хонаҳо хароб шудаанд, аз минтақаи офат ҳазорон нафар ба ҷойи амн интиқол ёфӣанд.
Бархӯрди ду автобус дар Туркия 19 нафарро захмӣ кард
Бар асари ба ҳам бархӯрдани ду автобус дар шаҳри Истамбули Туркия 19 нафар захмӣ шудаанд. Дар ин бора намояндагони шаҳрдории Истамбул расман хабар доданд.
Ба ҷойи ҳодиса чандин мошини ёрии таъҷилӣ эъзом шуда ва ҷабрдидагон дар кутоҳтарин фурсат ба бемористонҳои наздиктарин интиқол ёфтанд.
Ҳамзамон бо ин намояндагони шаҳрдории Истамбул гуфтаанд, ки ҳоли ду нафар аз захмиён хеле бад аст.
Садамаи мудҳиш муҷиби он шудааст, ки дар ҷодаи калонтарини шаҳр муддате ҳаракати мошинҳо қатъ шавад.
Пулис гуфтааст, ки сабаби садамаро таҳқиқ мекунад.
Ҳалокати 13 нафар дар бархӯрди ду киштӣ дар Куриёи Ҷанубӣ
Дар баҳри Зард, каме дуртар аз бандари Инчхон (Куриёи Ҷанубӣ) киштии моеъкашон бо каштии моҳидорӣ бархӯрдааст, ки бар асари он ҳадддиақал 13 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора ожонсии иттилоотии Yonhap хабар дод.
Ин бархӯрд субҳи рӯзи 3-уми декабр рух додааст. Баъди бархӯрди киштии боркаши 336 тоннаӣ киштии моҳидорӣ чаппагардон шудааст. Аз 20 сарнишини он 13 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ҳукуматдорони маҳаллӣ барои роҳандозии корҳои наҷот ба ҷойи ҳодиса 4 чархбол ва 14 воситаи шиновариро сафарбар кардаанд.
Кормандони вазорати фавқулоддаи Русия дар як моҳ даҳ ҳазор нафарро наҷот додаанд
Воҳидҳои наҷоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия моҳи ноябр дар ҳолатҳои гуногуни фавқулодда ҷони 9,7 ҳазор нафарро аз марг наҷот ддаанд. Дар ин бора рӯзи гузашта ҷонишини якуми Маркази миллии идораи ҳолатҳои буҳронии ВҲФ Игор Кутровский хабар додааст.
Кутровский гуфтааст, ки ба шарофати амалҳои фаврӣ ба наҷотбахшон муяссар шуд дар гӯшаву канори Русия моҳи ноябр беш аз 9,7 ҳазор нафарро аз чанголи марг наҷот диҳанд.
"9 ҳазору 772 нафар наҷот дода шуданд. Аз ҷумла 70 нафар аз ҳолатҳои фавқулодда, 9629 тан аз сӯхторҳои техногенӣ, 73 нафар ба иншоотҳои обӣ”,- гуфт вай.
Игор Кутровский ҳамчунин гуфтааст, ки моҳи ноябр дар қаламрави Русия 24 ҳолати фавқулодда ва 484 рӯйдоди дигари фалокатбор ба қайд гиррифта шуд.